Фариза бо героин ба даст афтод

Июль 11, 2011 12:59

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирон ва ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои мусофирони хатсайри 627-и самти Душанбе- Маскав дар қитъаи гумрукии майдони ҳавоии Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе як ҳолати пешгирии интиқоли маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд.Аз миёни мусофирон шаҳрванд Нуралиева Фариза, соли таваллудаш 1988, ҳангоми муоинаи гумрукӣ ба интиқоли маводи мухаддир гумонбар шуд. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки номбурда зери мӯйҳои сар ва либоси тагпӯши худ 416,7 грамм маводи сахттаъсири навъи героинро пинҳон намуда, мехост ба Федератсияи Русия интиқол диҳад.Нисбат ба ин амали Фариза парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Июль 11, 2011 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд