ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗОН ДАР ДУШАНБЕ ИФТИТОҲ МЕШАВАД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 6 июли соли равон дар шаҳри Қазон ҷаласаи 7-уми гурӯҳи кории Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд. Яке аз ҳадафҳои асосии иштироккунандагони ин чорабинӣ баланд бардоштани сифати фаъолияти қувваи корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди вориди оммавии муҳоҷирон ба Русия аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мебошад. Дар ҷаласа муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнетсов, роҳбари Намояндагии хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Виктор Соболев, Сардори ХМ назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев, Сардори раёсати ХМ назди ҳукумати ҶТ Анвар Носиров, Роҳбари Намояндагии ХМ назди ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев ҳузур доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин таҳияи нақшаи шартнома оиди ташкилу амалӣ намудани фаъолият ҷиҳати ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия, баланд бардоштани мартабаи ҳуқуқии Намояндагии хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия , муҳокимаи лоиҳаи кушодашавии шӯъбаи донишгоҳи технологии Казон дар маркази пойтахт- шаҳри Душанбе дар заминаи омӯзишгоҳи касбию техники рақами 66 баррасӣ шуд. — Мақсади лоиҳаи кушодани донишгоҳ аз он аст,ки муҳоҷирони меҳнатие,ки вориди Русия мегарданд, забондон ва корозмуда бошанд- гуфт раиси донишгоҳ Герман Дяконов. Сардори ХМ назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев ва роҳбари намояндагии ХМ дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев бо таклифи раиси донишгоҳ, бо ходимони илмӣ, донишҷӯёни донишкада, ва бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Тотористон вохӯриҳо гузаронида, дар навбати худ аз истиқболи гарм ва таҳким бахшидани равобити касбӣ ҷиҳати танзими фазои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори минатдорӣ баён намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Боев С.М иттилоъ дод.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






