Хизматрасонӣ дар фурудгоҳ беҳтар шудааст ?

Июль 25, 2011 15:47

Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). –  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи якуми соли 2011 ба 296 ҳазору 774 мусофири буруншуда ва 209 ҳазору  622 мусофири воридшуда хизмат расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулу интиқолшуда аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1362 тоннаю 773 кг-ро ташкил дода, ба 3239 хатсайри доимию чартерӣ хизмат расонида шуд, -гуфт 25 июл дар нишасти матбуотии ҷамъбастии шашмоҳаи соли равон муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ. Ба сурати умум аз рӯи моҳҳо тамоюли  болоравӣ ва камшавии ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо ба назар мерасад.Сабаби чунин тамоюл пеш аз ҳама таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳамаи намудҳои боркашонӣ, камшавии талабот ба хизмати муҳоҷирони меҳнатӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва хориҷи наздик, инчунин суръати паст ва дар баъзе ҳолатҳо коҳиш ёфтани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳое мебошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи ҳавоӣ доранд.Наомадан, осеб дидан ва гумшавии бағоҷҳо аз ҷумлаи масъалаҳои доғи  рӯз аст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2011 дар мавриди  наомадан, осеб дидан ва гумшавии бағоҷ 298 эрод баён гардида, аз он 295-тояш қонеъ гардонида шуд ва 3 эрод  дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Июль 25, 2011 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад