Иншооти ҷашнии Вазорат

Июль 11, 2011 12:50

Душанбе, 11 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру таҷдиди мактабҳо барои солҳои 2008- 2015» 51 % иҷро гардида, дар ин самт корҳо ҷараён доранд». Ин матлабро Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон изҳор намуд. Номбурда зикр кард, ки ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маорифи кишвар 18 иншоот дар бахши маориф ба истифода дода мешавад, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо суръати баланд идома дорад.Ҳамзамон, соли равон аз ҳисоби 5 лоиҳаи инвеститсионӣ дар бахши соҳаи маориф 18 миллион доллар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, хариди таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввал нақшаи лоиҳаҳо 122 % иҷро гардид, ки он баробари 6 миллион доллар мебошад.Муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ зикр кард, ки ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар 34 иншоот барои 7 ҳазор хонанда идома дошта, дар маҷмӯъ ба ифтихори ин ҷашни фархунда 137 мактаби хурду калон ба истифода дода мешавад.

Июль 11, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид