Истиқлолият ва рушди забони миллӣ

Июль 27, 2011 14:35

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Азия Гранд Отел» бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ва Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон-Қазоқистон: 20- соли Истиқлолияти давлатӣ ва рушди забони миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов оғоз намуд.Сипас Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Смагулов Агибай Динкенович, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Айтбоев Умирзақ Айтбоевич доир ба воситаҳои истилоҳсозӣ дар забони қазоқӣ сухан ронд.Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин таҳияи фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ ва мавқеи истилоҳоти тиббӣ дар забони тоҷикӣ баррасӣ ва натиҷагӣ карда шуд.

Июль 27, 2011 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд