Комёбии Исломзода дар Индонезия
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар байни намояндагони 36 давлати ҷаҳон Мифтоҳуддин Исломзода- донишҷӯи соли 2-юми факултаи улуми исломии Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карим, ки дар Индонезия доир гардид, дар қироати 20 пора ғолиб баромада, зинаи сеюмро ишғол намуд.Абдуалим Наврасов, мудири кафедраи улуми Қуръони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамзамон 3 нафар донишҷӯи донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», ки бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор гардид, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо ҷоизаи сафари ҳаҷ, ки аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда буд, сарфароз гардиданд.А. Наврасов афзуд, ки донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон, хусусан бахши улуми қуръонии он тӯли солҳои охир дар чандин озмунҳои байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръон дар кишварҳои исломӣ ба мисли Эрону Арабистони Саудӣ иштирок намуда, комёб гардидаанд.








Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






