Кормандони ВКД ҶТ дар Амрико
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Аз 24 июн то 1 июли соли ҷорӣ шаш нафар кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ барои омӯхтани идоракунии эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ба иёлоти Калифорнияи Амрико сафар намуданд. Ин сафари омӯзишӣ ҷузъи лоиҳаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии шӯъбаи байналхалқии мубориза алайҳи маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи сафорати ИМА буда ва аз тарафи «Эмерҷенс Групп» татбиқ мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд. Иштирокчиёни барнома аз идораи пулис, пажӯҳишгоҳҳои таълимӣ, марказҳои амалиёти фаврӣ дар Лос-Анҷелес, Санта-Барбара, Сан-Луис-Обиспо ва Порт Вайнеме дидан карданд. Онҳо машқҳои амалиро ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва назорати издиҳом мушоҳида карда, системаҳои фармондиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳо ва кӯмаки тарафайнро омӯхтанд. Дар симпозиуми солонаи иёлоти Калифорния перомуни идоракунии ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд, ки дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон барои тарҳрезии нақшаи эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва амалиёт дар якҷоягӣ кор мекунанд.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






