Лимӯ дар Дарвоз!

Июль 23, 2011 10:07

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Солҳо боз Амиршо Маҳрамов дар бунгоҳи такягоҳии Роғаки Пажӯҳишгоҳи биологии Помири АУ ҷумҳурӣ мустақар дар ноҳияи Дарвоз фаъолият дорад. Номбурда дар ин давра дар бунгоҳ беш аз 80 навъи рустаниҳои ситрусиро гирд оварда, парвариш намудааст, ки ба иқлими Дарвоз хеле хуб мутобиқ шудаанд. Дар ин ҷо навъҳои анҷир, ангур, чормағз, хурмо, зардолу, лимӯ, афлесун, мандарин парвариш карда мешаванд. Дар водии Дарвоз ягон соҳае баробари ситруспарварӣ фоидаовар нест, мегӯяд Амиршоҳ Маҳрамов.Соҳибкор Ш.Одинаев ҳар сол аз фурӯши лимӯ то 15 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Танҳо соли 2010 тариқи бунёди Оғохон дар хоҷагии деҳқонии Роғак дар майдони якуним гектар лимӯхонаҳо бунёд шуданд.

Июль 23, 2011 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд