Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Июль 11, 2011 15:49

Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо машварати корӣ доир намуд. Дар машварат Сарвазири кишвар Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президент, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат ва як қатор корхонаю муассисаҳо ва раисони вилоятҳо иштирок намуданд. Доир ба мавзўи асосии машварат – ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли равон, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Қодири Қосим, вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода ва вилояти Хатлон – Ғайбулло Авзал шунида шуд. Раисони вилоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили мева, ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, хўроки чорво, дигар зироатҳо ва рафти кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ахбор доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба рушди бонизоми иқтисоди кишвар, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод. Таваҷҷўҳи зиёд, ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар сатҳи баланди ташкилӣ омода кардани тантанаҳои бахшида ба таҷлили солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ зоҳир гардид. Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар рўзҳои моҳи шарифи рамазон, иди саиди фитр ва таҷлили 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат дасти кўмак дароз намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 11, 2011 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад