Мукофотҳои давлатӣ

Июль 30, 2011 19:53

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардонид.Маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бори нахуст дар бинои навбунёди Қасри Миллат сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи хидматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро, ки ба мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шудаанд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, пурзўр намудани қудрати мудофиавии кишвар, таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартиботи ҳукуқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон барору комёбӣ ва ҷасорату матонати доимӣ таманно кард.Дар оѓози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардондани  намояндагони ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қироат карда шуд.Бо рутбаи генерал – лейтенант сарфароз гардиданд:- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов;- Фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ;- Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадӣ, Фармондеҳи  қўшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо;- Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рамазон Раҳимов;- Мудири шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов;Як зумра кормандони воломақоми дигари сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои низомӣ ва махсуси генерал – майор сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин ду нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 16 кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 3 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 23 кас бо ордени Шараф дарҷаи 2, 100 нафар бо медали Ҷасорат, 33 кас бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат ва 8 нафар марзбонон бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.48 каси дигар, аз ҷумла намояндагони роҳбарияти Судии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар, Шўрои адлия, Шўрои амният, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо медали ҷашнии «20 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ҳунарманди ансамбли тарона ва рақси  Ватани Вазорати мудофиа  Қурбоналӣ Ёқубов ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.38 нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи онҳоро бо арафаи 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо мукофотҳои олии давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 30, 2011 19:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид