Мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон

Июль 26, 2011 16:44

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 23 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо дастгирии молиявии намояндагии Институти «Ҷомеаи кушода» дар Тоҷикистон Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд.Дар маросими ифтитоҳи Қабулгоҳи ҷамъиятӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, ВАО ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Қурғонтеппа иштирок намуданд.Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар самтҳои мусоидат ба барқароркунии ҳуқуқҳои вайронгардидаи шаҳрвандон, таъмини дастрасии шаҳрвандон, хусусан гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба иттилоот оид ба ҳуқуқ ва маслиҳатҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ фаъолият менамояд.Чорабиниҳо барои таъсиси чунин қабулгоҳҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи нақша сурат мегиранд.Хизматҳои Қабулгоҳи ҷамъиятӣ ба тариқи ройгон сурат мегиранд.Суроғаи Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор дар шаҳри Қурғонтеппа: кӯчаи Бобоҷон Ғафуров – 11, тел: 8322227932.

Июль 26, 2011 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд