Оғози моҳи шарифи Рамазон муқаррар гардид
Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1 августи соли равон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон моҳи мубораки Рамазон оғоз меёбад. Оғози санаи моҳи шарифи Рамазон дар асоси қарори ҷаласаи Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 июл бо иштироки намояндагони уламои ҷумҳурӣ, имомхатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода баргузор гардид, муайян шуд.Оғози моҳи мубораки Рамазон дар асоси хулосаи олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ ва марказҳои исломии кишварҳои дигари минтақа муқаррар гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Моҳи шарифи Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон меояд.Дар моҳи Рамазон мусулмонон рӯза медоранд, тоату ибодат менамоянд ва ба қироати Қуръони азимушшаън машғул гардида, қалби худро аз кинаву кудурат, ҳасад, дурӯғ ва дигар амалҳои зишт пок сохта, ба кирдорҳои ғайришаръӣ, хусусан авомфиребӣ даст намезананд. Хайру эҳсон ба ятимону барҷомондагон ва мардуми камбизоат яке аз рисолатҳои моҳи шарифи Рамазон аст. Зеро як амали нек баробар ба як амали фарз аст ва як амали фарз баробар бар 70 амали фарз аст.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






