Омодагирӣ ба соли нави таҳсил

Июль 21, 2011 11:56

 Ҷиргатол, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).-Дар таълимгоҳҳои ноҳия соли таҳсили 2010-2011 пурра ҷамъбаст шуд. Мактабҳои миёнаро 808 нафар хонандагон хатм намуда, 26 нафар хонандагоне, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда буданд, бе ягон мамониат тибқи квотаи Президентӣ ба донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд,-иброз дошт мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиргатол Пирмаҳмад Абдусатторов.  Алҳол бо кӯмак ва дастгирии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва ноҳия омодагирӣ ба соли нави таҳсил муташаккилона илома дорад. Барои таъмири мактабҳои ноҳия аз ҳисоби Вазорати маорифи ҷумҳурӣ 659 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.Пеш аз ҳама биноҳои мактабҳо хушсифат аз таъмир бароварда мешаванд. Қариб нисфи бинои таълимгоҳҳо бо кӯмак ва дастгирии Вазорат, шӯъбаи маориф, ташкилотҳои мададрасон, ҷамоатҳои деҳот ва падару модарон аллакай таъмир шудаанд. Аз рӯи нақшаи шӯъба то 15 август ҳамаи мактабҳо ба соли нави таҳсил пурра тайёр мегарданд. Вазъи таъмини мактаббачагон бо асбобу анҷоми хониш, китобу дафтар ва сару либоси мактабӣ нисбат ба солҳои пешин хубтар аст.

Июль 21, 2011 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд