Сафари кории Сарвари Давлат ба ноҳияи Хуросон

Июль 26, 2011 09:28

Хуросон, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ оғоз кард. Мақсади сафар шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи номбурда мебошад. Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 58 деҳаи Чорбоғи ноҳия иштирок кард. Сохтмони мактаби мазкур соли 2009 оғоз ёфтааст. Мактаб аз ду ошёна иборат аст ва барои 900 хонанда пешбинӣ шудааст.Мактаб дорои 14 синфхона, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, ду синфхонаи лингофонӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва толори хониш иборат аст. Дар китобхонаи он айни замон 4 ҳазор китоби таълимию бадеӣ мавҷуд аст. Барои сохтмони ин таълимгоҳ 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҶТ ҷудо гардида, сохтмони онро маъмурияти сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ба анҷом расонидааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз синфхонаҳои мактаб хонандагонро барои азхуд намудани технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаби замонавӣ далели ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҶТ мебошад. Сарвари Давлат ба падару модарон муроҷиат карда таъкид намуд, ки дар тарбияи фарзандони худ бетараф набошанд ва ба онҳо бештар ғамхорӣ зоҳир намоянд. Сафари кории Президенти кишвар дар вилояти Хатлон идома дорад.

Июль 26, 2011 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад