Салиби сурх дар Рашт чӣ месозад?
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 13 июли соли ҷорӣ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидов роҳбари нави намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Северин Шаппазро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи Салиби Сурх дар бахши дастрасӣ пайдо кардан ба таъмини хизматрасонии тиббӣ ва безараргардонии оби ошомиданӣ, аз ҷумла таъсиси ташкилоти Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар водии Рашт ва маркази тиббии бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз, ҳамчунин Лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо оби безарари ошомиданӣ муҳокима гардиданд. Мусоҳибон инчунин масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои кам кардани зарари минаҳою мустаҳкам намудани нерӯ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва беҳтар намудани шароити маҳбасхонаҳои кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






