Сокинони Қӯрғонтеппа аз рӯи реҷа газ мегиранд

Июль 25, 2011 15:52

Қӯрғонтеппа,  25  июл. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев). –  Тавре  иҷрокунандаи  вазифаи  роҳбари  муассисаи «Қӯрғонтеппагаз»  Давлат  Ҳомидов  ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод,  90  фоизи  сокинони биноҳои  серошёнаи  шаҳри  Қӯрғонтеппа  бо  газ таъмин  шудаанд. Мувофиқи  суханони  Давлат  Ҳомидов  имрӯзҳо  ба  хонаҳои  истиқоматии  сокинони  шаҳр  мувофиқи  реҷаи  муайян  дар як  шабонарӯз  7  соат  газ  дода  мешавад. Сокинони  қарздор имконияти истифода  намудани  газро надоранд. Ба  гуфти  роҳбари  муассисаи  номбурда  вазъи  иқтисодии  «Қӯрғонтеппагаз» чун  пештара  вазнин  буда,  ҳоло  барои  баргардонидани  қарзи  ҳам  сокинон  ва  ҳам  корхонаҳои  шаҳр  чора  дида  мешавад. Қарзи  корхонаи  нуриҳои  азотии  Вахш  то  имрӯз  беш  аз 6  миллион  сомониро  ташкил  медиҳад.

Июль 25, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад