Замин ҳанӯз ҳам самаранок истифода намешавад
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Ба гуфти раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ Маҳмадзоир Зокиров, солҳои охир ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» беҳтар шуда бошад ҳам, аммо бархе хоҷагиҳо ҳоло ҳам заминро самаранок истифода намебаранд.
Агар соли 2009 18 ҳазору 103 гектар замини корам, аз ҷумла 14 ҳазору 967 гектар замини корами обӣ бо сабаби шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, набудани об, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншооти дигари обёрикунӣ истифода нашуда бошад, соли 2010 дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 290 га замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монд, ки сабаби асосӣ ташкили ғайриқаноатбахши корҳои хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.








Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






