Қонуни афв қабул мегардад
Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 19 август палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро дар ҷаласаи ғайринавбатии худ баррасӣ менамояд. Лоиҳаи Қонуни мазкур, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст, аз 29 модда иборат мебошад. Дар лоиҳаи қонун гурӯҳи шахсоне, ки нисбат ба онҳо афв татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи Қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст. Аз назари коршиносони масоили сиёсӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии ин санад бозгӯи иқдоми наҷибонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат буда, шаҳодати арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






