Ҳайати Вазорати кишоварзии Чин дар Тоҷикистон
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирўз дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар масъулини соҳа баргузор гардид. Зимни мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи татбиқи барномаҳои техникӣ 25 адад трактор, аз ҷумла 5 трактор ба хоҷагии шоликории «Тоҷик ООО Хайли» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси грант ворид менамояд. Ҳамзамон дар раванди вохурӣ ба масъалаҳои таҳияи механизми Ёддошти тафоҳум дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, техника ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, омўзиши кадрҳои соҳаи кишоварзӣ, илм ва дастовардҳои илмии соҳаи кишоварзӣ, табодули таҷриба дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.Бо пешниҳоди Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қ.Қосимов комиссияи муштараки доимии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд, ки тамоми таклифу пешниҳодҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ дар он ҳал карда мешаванд. Айни замон ҳамкорӣ миёни ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин (СУАР) ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парвариши пахта ба воситаи технологияи муосир (зериплёнкагӣ) ва обёрии қатрагин (х/д Файзалӣ Саидов 50 га) ба роҳ монда шудааст. Майдони гармхонаҳо бо истифодаи технологияи чиноӣ на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст. Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Қ. қайд намуд, ки вохўрӣ идомаи мантиқии сиёсати хориҷии мамлакат мебошад, ки тавассути даҳҳо созишномаҳои устувори байналхалқӣ ва байниидоравӣ рӯи кор оварда шудааст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






