20 соли Истиқлолият ва мудофиаи гражданӣ

Август 24, 2011 13:09

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Шӯрои cобиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иштирок намуда, роҷеъ ба моҳияти арзишҳои Истиқлолият, оини ватандӯстиву ватандорӣ ва посдории Ваҳдати миллӣ изҳори андеша карданд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар самти мудофиаи гражданӣ пешравиҳои назаррас ба миён омад, ки самараи Истиқлолият ва Ваҳдат мебошад. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъсис ёфта, бо бинои алоҳида, ҷузъу томҳои низомӣ, таҷҳизоти наву замонавӣ ва шароити мусоиди кор таъмин гардид, ки ин ҳама бевосита ба рафти фаъолияти кормандони соҳа таъсир мегузорад. Маврид ба зикр аст, ки дар ҷузъу томҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои васеи фарҳангиву варзишӣ дар назар аст.

Август 24, 2011 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад