220 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

Август 27, 2011 14:08

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 220 нафар аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони давлатӣ, кормандони соҳаҳои илму маориф ва як зумра соҳибкорони хусусиро бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз намуд.Дар оғози маросими имрўзаи мукофотсупорӣ нахуст ду нафар бо ордени Дўстӣ сазовор дониста шуд.Хизматҳои арзандаи як нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва 16 каси дигар бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр карда шуд.Шумораи зиёди кормандони соҳаҳои илму маориф, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми касбу кори гуногун бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардиданд.Бо медали 20 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зиёд аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони хусусӣ, пешқадамони истеҳсолот, олимону омўзгорони хизматнишондода ва дигарон мушарраф гардиданд.11 нафар олимону омўзгорони пуртаҷриба ва кормандони хизматнишондодаи дигар соҳаҳо бо унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.25 нафар кормандони сатҳу зинаҳои гуногун аз соҳаҳои мазкур, ки дар таъмини пешрафти кори ин соҳаҳо ва тарбияи насли ҷавони ояндасоз саҳми намоён гузоштаанд, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуданд.Хотиррасон бояд намуд, ки ин бори панҷум аст бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар ба шарафи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонда мешаванд. Дар маҷмўъ 1106 нафар бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сазовор дониста шуд.Мусаллам аст, ки ҳар як нафари бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида, аз ҷумла ҳар як роҳбар ва олиму омўзгор дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли худогоҳу ватандўст ва соҳибмаърифату соҳибҳунар, ки масъулияти фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба дўш гирифта тавонанд, нақши намоён гузоштаанд.Бо итминон метавон гуфт, ки онҳо ва ҳар яке аз афроди пешоҳангу пешқадами ҷомеа бо фаъолияти ҳамарўзаи пурсамари худ минбаъд низ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи нек мардумро ба қадршиносии сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намуда, дар таблиғи арзишҳои ҷовидонаи милливу умумибашарӣ ва тарбияи инсони комил саҳми арзанда мегузоранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ мушарраф гаштанашонро нишонаи қадршиносии заҳмат ва саҳми арзандаашон дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 27, 2011 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ