Афзоиши маоши кӯҳканон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба муносибати 20–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳонаи кормандон ва кўҳканони корхонаи «Комбинати маъданбарории Адрасмон»-и шаҳри Қайроққум 10 фоиз зиёд гардида, дар арафаи ид, дар ҳаҷми 50 фисади музди маош мукофотпулии яквақта дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Маврид ба зикр аст, ки «Комбинати маъданбарории Адрасмон»-и шаҳри Қайроққум дар шашмоҳаи аввали соли равон иқтидорҳои иловагии корхонаро ба кор дароварда, ба маблағи 25,7 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,8 фоиз, ё ин ки ба маблағи 3,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра ба миқдори 2 ҳозору 629 тонна консентрати нуқраю рўҳ истеҳсол гардида, ин раванд рўз то рўз рў ба афзоиш аст.
Дар комбинат 645 нафар фаъолият дошта, маоши миёнаи онҳо ба 1 ҳазору 17 сомонӣ баробар аст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 271 сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд






