Армуғони тиббӣ ба ҷашни Истиқлол
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Олимони ДДТТ дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби пурарзиши «Энсиклопедияи мухтасари тиб»-ро ба нашр расониданд, ки дар омодасозии он шумораи зиёди олимон ва устодони варзидаи ин даргоҳи илмӣ фаъолона ширкат варзиданд. Омодасозии ин энсиклопедия моҳи январи соли 2010 оғоз ёфта, мақсад буд, ки он дар 5 ҷилд бо сифати баланд ва дарбаргирии пурраи комёбиҳои навтарини илми тибби муосир омода ва нашр гардад. Бо кўшиши зиёди гурўҳи корӣ, ки беш аз 30 нафар олимони варзидаро дар бар мегирифт, ду ҷилди китоби мазкур ба дасти хонанда расид. Маврид ба зикр аст, ки «Энсиклопедияи мухтасари тиб» барои ба низом даровардани комёбиҳои таърихии олимони тоҷик дар риштаи тиб, дар алоқамандӣ бо дигар шохаҳои илми табиатшиносӣ ва шарҳу эзоҳ додани ин дастовардҳои илмӣ кўшиши аввалин ба ҳисоб меравад. Аз ин рў метавон онро армуғони арзандае ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳисобид.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






