Баистифодадиҳии иншооти ҷашнии пойтахт бо иштироки Сарвари давлат

Август 31, 2011 13:17

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони чанд иншооти дигар оғоз ёфт.Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маҳаллаи Наврўзи ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, бинои нави 4 ошёнаи мактаби таҳсилоти умумии №98 – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои нави мактаб бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.Тавре зикр гардид, ин бино аз 25 синфхона, аз ҷумла 17 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат буда, дорои шароити муосири таълиму тарбияи хонандагон мебошад. Шароити хуби таълимӣ, аз ҷумла дар 2 синфхонаи компютерӣ, 15 синфхонаи фаннию озмоишӣ барои фанҳои физика, кимиё, биология, ситорашиносӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ муҳайё гаштааст. Дар ин бино, ҳамчунин толори барҳавои маҷлисӣ бунёд ёфтааст, ки бо 160 ҷойи нишаст дорои шароити хуби маҷлисороӣ ва барпо намудани маҳфилҳои фарҳангӣ мебошад.Ошхонаи нави мактаб низ дар ҳамин бино ҷойгир шудааст, ки дорои 194 ҷойи нишаст ва шароити ҷавобгўи талаботи мактабӣ ва санитарию тозагӣ аст.Дар толори нави варзишии мактаб, ки низ бо бинои нав бунёд ёфтааст, дорои шароити зарурӣ барои машқу тамрини чанд намуди варзиш ва тарбияи бадан аст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми ин маҳаллаи сераҳолиро бо солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ табрику таҳният гуфта, иттилоъ дод, ки худи ҳамин рўз дар шаҳри Душанбе ду мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо харҷи 600 миллион сомонӣ як барномаи давлатӣ оид ба тармиму навсозии мактабҳои таъмирталаби кишвар татбиқ мегардад.Дар кўчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ба кор дароварда шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои коркарди амиқи алюминийи аввалия дар дохили кишвар ва омода кардани маҳсулоти тайёри содиротӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пўшидаи Талко менеҷмент ЛТД дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоии дорои эътибору нуфузи ҷаҳонӣ дар зарфи 3 соли охир бо харҷи 144 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Ноқилҳои барқӣ ё худ кабелҳои ин корхона бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ омода мегарданд, ки дар бозори дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ харидорони сершумор доранд, зеро ин нахустин чунин дар корхона дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.Ин корхона имкон дорад, бо иқтидори кунуниаш то 10 ҳазор тонна алюминийи аввалияро коркард намуда, ноқилҳои пастшиддат, миёнашиддат ва баландшиддати ҳам луч ва пўшида истеҳсол намояд. Ноқилҳое, ки имрўз дар ин корхона истеҳсол мешаванд, асосан дар нерўгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, зеристгоҳҳо, хатҳои баландшиддату миёнашиддати интиқоли нерўи барқ, шабакаҳои барқии байниминтақавӣ, байни шаҳру ноҳияҳо ва дохили онҳо истифода мешаванд. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар навбати дуюми корхона бо ворид намудани технологияи навтарин истеҳсоли ноқилҳои истифодаи рўзгори хона низ ба роҳ монда шавад ва таъкид дошт, талабот ба ин гуна ноқилҳо ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корхона 200 нафар коргарони муҳандисию техникӣ ва дигар мутахассисон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд ва бо фаъол гаштани навбати дуюми корхона шумораи коргарон ба 400 нафар хоҳад расид. Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фирдавсии пойтахт ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи истеҳсоли троллейбус ва дучарха (велосипед) оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, баъди як сол ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ хоҳад кард ва дар он то 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ин нахустин корхонаи истеҳсоли трелейбусҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад ва аз ин хотир маҳсулоташ бозоргир хоҳад буд.Оянда ин корхона метавонад дар як сол 100 тролейбус ва даҳҳо ҳазор дучархаҳои гуногун барои кўдакон ва ҳам калонсолон истеҳсол намояд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз намунаҳои дучархаро, ки оянда дар ин корхона истеҳсол хоҳад шуд, саворӣ намуда, ба сифати он баҳои баланд дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 31, 2011 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст