Баррасии рушди иқтисодиёти миллӣ
Душанбе, 22 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова. – 19 август дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ифтихори таҷлили 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди иқтисодиёти миллӣ» семинари илмию амалӣ баргузор гардид.Дар кори семинар роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, роҳбарони раёсатҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сохторҳои зертобеъ, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Дар ҷараёни семинар мавзӯҳои «Ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи истиқлолият», «Истиқлолият ва рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ», «Густариши нерӯи содиротӣ дар давраи соҳибихтиёрӣ» ва «Мақоми истиқлолият барои рушди забони давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






