Боздиди О. Оқилов аз «Анзоб»
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 2 августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо ҳолати кунунии роҳи мошингарди Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ ва бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи маъдантозакунии «Анзоб» шинос шуд.Тавре маълум шуд, дар охири моҳи июли соли равон бар асари лағзиши кӯҳпора дар километри 22-юми роҳи мошингарди Айнӣ- Мастчоҳи Кӯҳӣ масофаи беш аз 300 метр роҳ зери сангу шағал монда, рафту омади нақлиёт ба пуррагӣ қатъ гардидааст. Ҳамзамон дар баробари ин хатҳои алоқа ва заминҳои таъиноти кишоварзии назди роҳи мазкур зарар дидаанд.Оқил Оқилов роҳбарияти вилоят ва масъулини соҳаҳои дахлдори мамлакатро вазифадор кард, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани қитъаи роҳи харобгардида ва барои бунёди роҳи иловагии муваққатӣ аз деҳаи Вешаб ба ҷониби ноҳияи Ғончӣ тадбирҳои зарурӣ андешида робитаи нақлиётии байниноҳиявиро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таъмин намоянд. Дар баробари ин масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки хатҳои алоқаи харобгардидаро дар фурсати кӯтоҳ ва бо сифати баланд барқарор намоянд.Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни сохтмони коргоҳи коркарди маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи маъдантозакунии «Анзоб» шинос шуд.Баъд аз шиносоӣ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов роҳбарияти ноҳия ва корхонаро вазифадор кард, ки барои бунёди корхонаи коркарди маҳсулоти ниҳоӣ пеш аз ҳама истифодаи техника ва технологияи муосирро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, то охирҳои соли 2012-ум коркарди маҳсулоти ниҳоиро дар корхонаи нав шурӯъ намоянд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






