Дар Душанбе ду озмоишгоҳи нав ба кор даромад

Август 17, 2011 15:46

Душанбе, 17 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар арафаи таҷлили 20 – солагии Истиқлолиятии давлатии ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологии назди Хадамоти давлатии назорати санитарӣ рӯи кор омаданд, ки баъди тармими асосӣ бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шудаанд. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ, ки ба муносибати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи нав баргузор гардид, журналистон бо таҷхизоти ҳар ду озмоишгоҳ ва фаъолияти онҳо шиносоӣ пайдо карданд. Мутахассисоне, ки дар озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологӣ фаъолият доранд, дар марказҳои чунин озмоишгоҳҳои Таиланд, Туркия, Русия ва Қазоқистон таҷриба андӯхтаанд. Мувофиқи суханони муовини директори Хадамоти давлатии назорати санитарӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустии ҶТ барои тармиму таҷдиди озмоишгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо карданд.Баъди ифтитоҳи ду озмоишгоҳи нав дар бинои Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ маросими ботантанаи мукофотонидани кормандони шоиста ва собиқадорони ин хадамот баргузор шуд. Директори Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии назди Вазорати тандурустии ҶТ Самариддин Алиев ба ифтихори Рӯзи кормандони тибб, ки ҳар сол 18 август таҷлил мешавад, ба 10 нафар кормандони шоиста ва собиқадорони хадамот ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ супурд.

Август 17, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд