ДАР ХОРУҒ ЯРОҚҲОРО ИХТИЁРАН СУПОРИДАНД
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сокинони силоҳдори шаҳри Хоруғ 34 адад яроқи оташфишонро ихтиёран ба мақомот супориданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 02.12.1994 дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз тарафи сокинони маҳаллаҳои шаҳр ба таври ихтиёрӣ, бе номнавис кардани ному насаб, 34-адад яроқи оташфишон ба анбори нигоҳдории яроқу аслиҳаи шӯъбаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Раёсати корҳои дохилии ВМКБ супорида шуд. 4 адад пулемёти дастии Калашников, 11 адад автомати Калашников, 1 адад карабини СҚС ЮН №-4252, соли бароришаш 1946, 3 адад карабини истеҳсоли хориҷӣ, 3 адад карабини тамғаи «Бур»-и истеҳсоли Британияи Кабир, 11 адад таппончаҳои тамғаи «Макаров», 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии «ERMA WARKE» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






