Хабарҳо аз Бадахшон

Август 5, 2011 13:57

Об омад!Тайи 2 соли охир сокинони шаҳри Хоруғ аз камбуди оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, зеро қубурҳои обгузари 45 сол қабл васлшуда корношоям гардида буданд. Ва ахиран дар доираи ободонӣ ва ба хотири таҷлили 20 – умин солгарди истиқлолият дар шаҳри Хоруғ сохтмони хатти обгузари секилометра ба анҷом расид. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои анҷом ёфтани ин кор 1 миллиону 221 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.Тавре директори корхонаи фаръии сохтмони асосӣ ва таъмини манзилию коммуналӣ Ш. Ғаффоров иттилоъ дод, баробари сохтмони хатти обгузар, ҳамчунин ҳамаи чоҳҳои обкашии маркази ВМКБ пурра таъмир шуда, мушкилоти таъмини сокинони маркази ВМКБ бо оби нӯшокӣ аз байн рафт. хххҲам истироҳату ҳам таҳсилҲамасола дар давраи таътили тобистонаи толибилмон бо имдоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва иттифоқҳои касаба толибилмон дар урдугоҳҳои гуногуни вилоят истироҳат мекунанд, ки урдугоҳи «Саодат» — и ноҳияи Шуғнон аз ҷумлаи онҳост. Ин урдугоҳ соли 1995 бунёд ёфта буду ҳамасола толибилмони зиёдеро аз ҳамаи манотиқи кишвар ба истироҳат фаро мегирад. Урдугоҳ дар 4 баст барои 400 нафар наврасон шароити таълиму истироҳатро муҳайё сохтааст. хххРоҳҳо таъмир мешавадТо ҷашни истиқлолият ҳамаи роҳҳои атрофи шаҳри Хоруғ пурра таъмир карда мешаванд. Ҳоло тармиму таҷдиди роҳи назди идораи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят ҷараён дорад. Иҷрои ин корро мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии вилоят ба ӯҳда доранд. хххЕлчанин дар БадахшонДар давоми беш аз 10 рӯз паҳлавонони ҷавон аз гӯшаву канори ВМКБ дар деҳаи зебоманзари Поршневи ноҳияи Шуғнон гирд омада, ҳамроҳ бо варзишгари маъруфи ҷаҳон Владимир Николаевич Елчанин ва паҳлавони кишвари Озарбойҷон Моҳир Ҳасанов усулу тарзҳои мухталифи гӯштини дзюдоро тамрин намуданд. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи дзюдои вилоят ба хотири баргузории машқҳои назариявию амалӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. хххКӯдакони 4 — сола англисиро меомӯзандЯк гурӯҳ кӯдакону наврасон баъди хатми давраи омӯзиш дар назди созмони ҷамъияти «Логос» соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Тавре масъули омӯзиш Фирӯза Хӯҷаназарова иттилоъ дод, дар ин курсҳо кӯдакону наврасони синнашон 4 солагӣ то 14 фаро гирифта, дар тӯли 1 моҳ сарфу наҳви забони англисиро меомӯзанд. ххх23 ҷинояткор дастгир шудСардори раёсати корҳои дохилии вилоят Юсуф Назаршоев зимни нишасти матбуотии хабарнигорон аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи ин мақомот дар нимаи аввали сол сухан ронда, зикр дошт, ки дар ин давра барои пешгирӣ ва муайяну сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда, таъмини амнияти шаҳрвандон, бехатарии ҳаракати нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбуда корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Аз ҷумлаи 56 ҷинояткори дар кофтуков қарордошта 23 нафарашон муайян ва дастгир шудаанд. Лутфишоҳ Додоев (АМИТ «Ховар») ——0——

Август 5, 2011 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ