Ифтитоҳи корхонаи муштараки Зарафшон

Август 3, 2011 14:06

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи нави заршўӣ дар назди корхонаи муштараки Зарафшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он имрўз 140 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. То охири соли равон шумораи коргарону мутахассисон танҳо дар ҳамин корхона ба 300 кас ва дар корхонаи муштараки Зарафшон ба зиёда аз 2000 нафар хоҳад расид.Корхонаи нави заршўӣ бо иқтидори имрўзааш дар як шабонарўз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металҳои қиматбаҳоро   ҷудо кунад. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то охири соли равон дар ин   ҷо, ҳамчунин як корхонаи афинажӣ ба кор дароварда мешавад, ки ин дастоварди бузурги технологӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.Тавре зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон то соли 2013 ба 5 тонна дар як сол ва маблағи фурўши он ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 3, 2011 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад