Ифтитоҳи мактаби наву замонавӣ дар Зафаробод

Август 17, 2011 10:48

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи даври навбатии мулоқоту вохӯриҳо 16 август раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар хоҷагии деҳқонии «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод бо мардуми ноҳия мулоқот намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Қ. Расулзода пеш аз мулоқот дар маросими ифтитоҳи бинои тозабунёди мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-и деҳаи Қипчоқи ноҳия ширкат варзид. Сохтмони ин мактаби тозабунёд бо маблағгузории буҷаи давлатӣ соли 2009 оғоз гардида, барои таҳсили 240 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти хуштарҳу замонавӣ дорои 7 синфхона, як синфи компютерӣ, 2 ҳуҷраи муаллимон аст. Дар қисмати дуввуми мулоқот сокинони ноҳия ба раиси вилоят бо арзу дархост ва шикоятҳояшон муроҷиат намуданд.

Август 17, 2011 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд