Ифтитоҳи Осорхона дар шаҳри Қурғонтеппа
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони якчанд иншооти дигар оғоз бахшида шуд.Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Осорхонаи вилоятиро ифтитоҳ намуда, бо намунаҳои осори таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз наздик шинос шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмону ороиши даруни бино таваҷҷўҳ намуда, барои боз ҳам зеботар ва ба талаботи технологии нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мутобиқ кардани толорҳо дастуру ҳидоятҳо дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки тирезаҳои бино ва рўшноии даруни толорҳо кам карда шавад, то ки аз рўшноию гармии аз меъёр зиёд ёдгориҳо осеб набинанд. Ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг дастур дода шуд, ки барои барқарорсозӣ ва ба сайёҳон пешниҳод намудани маъбади буддоии Аҷинатеппа тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.Дар паҳлўи Осорхона, ҳамчунин Китобхонаи вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Китобхона бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дорои толорҳои нигаҳдории китобҳо, толори китобхонӣ бо 250 ҷойи нишаст ва бахши китобхонаи электронӣ мебошад.Дар маҳаллаи Дўстии халқҳои шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон як кўдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои парвариш ва таълиму тарбияи 330 нафар кўдакон пешбинӣ шудааст.Тавре иттилоъ дода шуд, ин нахустин муассисаи калони томактабии хусусӣ дар шаҳри қурғонтеппа буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки дар боғча шароити таълиму тарбияи кўдакон дар сатҳи баланд муҳайё гардад ва парастандаҳою дигар кормандон бо тариқи озмун ба кор қабул карда шаванд. Дар паҳлуи ин кўдакистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони як мактаби хусусӣ оғози расмӣ бахшид.Тавре зикр гардид, ташаббускорони ин иқдоми ҷавонмардона ният доранд, ки ботлоқзори ин мавзеъро хушк намуда, дар ҷойи он як мактаби замонавӣ бо навтарин шароити таълиму тарбия барои 640 хонандаи болаёқат дар як баст бунёд намоянд. Дар маркази шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи 5 – ошёнаи замонавӣ бо шароити сатҳи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харљи 5,2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои қабули 100 меҳмон пешбинӣ шудааст.Тарабхонаи он низ зебою дилнишин бунёд ёфта, дорои 100 ҷойи нишаст мебошад.Дар кўчаи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 15 – ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид, ки он баландтарин бино дар вилояти Хатлон хоҳад буд.Тавре зикр гардид, ин бино дорои 122 хонаи зебою муҷаҳҳази замонавӣ хоҳад буд.Дар шаҳри Қурғонтеппа ҳамзамон бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии иловагӣ дар назди мактаби рақами 6 ба номи Лоиқ Шералӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо 19 синфхона барои 1040 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.Ҳамин тариқ бо боварӣ метавон гуфт, ки дар шаҳри қурғонтеппа низ мисли бисёр шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ба истиқболи 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз даҳҳою садҳо иншооти нав бунёд ёфта, ба симои зоҳирии он ҳусну намои тозаю дилкаш зам намудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






