Кӯли Ҷавонон

Август 6, 2011 09:29

Кӯлоб, 6 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Давоми 20 соли истиқлолият дар шаҳри Кӯлоб садҳо иншооти маъмурию маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ, тандурустию маърифатӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Айни замон кормандони ширкати сохтмонии «Султон», ки сарварии онро Ҳабибулло Раҳимов ба ӯҳда дорад, бо ҷидду ҷаҳд таъмиру барқарорсозии кӯли ҷавонони шаҳри Кӯлобро вусъат мебахшанд. Кӯли ҷавонон ҳанӯз солҳои 80 – уми асри гузашта сохта шуда ва солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд. Дар таъмиру барқарорсозии кӯли ҷавонон, ки аз ду ҳавз ва якчанд марказҳои хизматрасонӣ иборат аст, айни замон беш аз 80 нафар коргарону мутахассисон ҷалб гардида, кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Ёдрас менамоем, ки аз ду ҳавз яке бо ғунҷоиши 13,5 ҳазор метри мукааб об дар рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Август 6, 2011 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст