Ноҳияи Муъминобод обод хоҳад шуд

Август 9, 2011 10:20

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).- Ноҳияи Муъминобод дар пайи боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле обод хоҳад шуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод корҳои зерин анҷом дода мешаванд: — Дар давоми ду соли оянда норасоии оби ошомиданӣ дар ноҳия бартараф мегардад; — То Наврўзи соли 2012 обкашҳои барқии оби кишоварзӣ барқарор мешаванд; — Майдони кишти картошка дар соли 2012 ду баробар афзун мегардад; — Соли 2012 барои навсозии шифохонаи вилоятии бемориҳои сил дар ноҳияи Муъминобод, ки 40 сол боз рўйи тармимро надидааст ва бинои истиқоматии дорои 40 хона барои табибони ин шифохона, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад; — Роҳҳои дохилии маркази ноҳия тармиму навсозӣ мешаванд; — Барои ба 150 ҳазор расондани саршумори мурғи гўштӣ дар корхонаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод ба он 3 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддати имтиёзии давлатӣ ҷудо мегардад.

Август 9, 2011 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд