Нобудкунии бананҳои ғайристандартӣ

Август 23, 2011 12:15

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ зимни гузаронидани корҳои сертификаткунонии маҳсулоти мевагӣ 22 ҳазору 770 кг банани воридшударо мавриди санҷиш қарор доданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, маҳсулоти зикргардида дар озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» санҷида шуд ва маълум гашт, ки 22 ҳазору 770 кг маҳсулоти мевагии банан аз рўи нишондиҳандаҳои оргонолептикӣ (намуди маҳсулот, ранги пўст ва пазиш) ба талаботи ГОСТ 51603-2000 «Банани тару тоза» ҷавобгў нест.Инчунин санҷиш нишон дод, ки маҳсулоти номбурда ҳангоми интиқол додан аз давлати Эквадор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ронандаи турк дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани яхдони он боиси пурра корношоям шудани меваи банан гаштааст. Бинобар иттилои манбаъ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» ва дар асоси талаботи моддаи 243 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли мазкур таҳти низоми гумрукии «Нобудкунӣ» қарор дода шуда бо иштироки мақомоти салоҳиятдор пурра нобуд карда шуд.Бояд қайд кард, ки мақомоти гумрук ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи қонунҳои амалкунандаи мамлакат минбаъд низ воридшавии маҳсулоти пастсифатро ба қаламрави ҷумҳурӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри ҳимояи бозори истеъмолии кишвар аз ҳар гуна маҳсулоти ғайристандартӣ талош хоҳанд кард.

Август 23, 2011 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад