«Осиё – минтақаи ҳамкорӣ ва сулҳ»!
Душанбе, 12 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Осиё – минтақаи ҳамкорӣ ва сулҳ» — аз 4 то 12 сенятябр дар Қирғизистон таҳти ҳамин шиор Бозиҳои варзишии байналмилалии Иссиқкӯл баргузор мегарданд. Ин мусобиқот таҳти васояти Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо мадади Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.