Овоза ё ҳақиқат?
Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо дар байни аҳолӣ, хусусан мактаббачагон овозае ҳаст, ки гӯё соли нави таҳсили 2011-2012 баъди таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёфта бошад. Ин овоза то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст? Ҷиҳати рушанӣ андохтан ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Ноилшо Нуралиев, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муроҷиат кард. Ноилшо Нуралиев зимни посух гуфт, ки ин ҳама овоза буда, ба ҳақиқат наздик нест. Соли нави таҳсил чун анъана ва ҳамасола 1 сентябри соли 2011 оғоз меёбад. Мавсуф афзуд, ки 1 сентябр Рӯзи дониш ва ҳам дарси Сулҳ аст. Дар ин рӯз занги аввалин садо дода, тамоми мактаббачагону толибилмонро паси мизҳои мактабӣ даъват менамояд.Дар мавриди либоси ягонаи мактабӣ Ноилшо Нуралиев афзуд, ки аз соли 2007 инҷониб дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна, миёнаи махсус ва олии касбӣ қабул ва ба тамоми муассисаҳои таълимии кишвар пешниҳод шудааст.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






