Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар).- Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 — метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлўи чапи қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот бунёд ёфтааст. Хоттиррасон бояд намуд, ки чанде пеш дар паҳлўи рости қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр мебошад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшидаанд. Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе қасри Миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишинашон шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил хоҳад ёфт.Имрўз ҳам майдони атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишини худ, аллакай ба мавзеи дилфарои сайру тамошо ва истироҳату фароғат табдил ёфтааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикону ҳамватанони бурунмарзиро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти Тоҷикистони азиз ва ҳам бо парафшон шудани Парчами давлатии кишвар дар баландии 165 метр табрику таҳният гуфта, баҳри бо сифати баланд ва тарҳу намои зебою дилангез идома додани бунёди иншооти дигари маҷмааи маъмурию фарҳангии маркази пойтахт ва ободу зебо намудани атрофи онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






