Роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа -Дӯстӣ ба истифода дода мешавад
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тибқи нақша таҷдиди пурраи роҳи автомобилгарди «Қурғонтеппа-Дӯстӣ» то охири соли ҷорӣ бояд ба анҷом расад. Дар иншооти мазкур аллакай 90% корҳо ба анҷом расидаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи суханони манбаъ дар роҳи мошингарди «Қурғонтеппа-Дӯстӣ», ки таҷдиди он соли 2009 оғоз гардида буд, мутахассисон ба марҳилаи анҷомёбӣ — қирпӯшкунии роҳ оғоз намуданд. Баъди ба анҷомрасии қирпӯшкунӣ барқароркунии нишонаҳои роҳ оғоз мегардад. Масофаи умумии роҳи автомобилгард 42 километр мебошад. Маблағи лоиҳа 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар асоси кӯмаки бебозгашт ҷудо гардидааст.«Баъди ба истифода додани роҳ мутобиқи созишномаи ба имзо расидаи Вазорати нақлиёти ҶТ ва пудратчии генералии ширкати ҷопонии Dai Nipon ва Nipo corporation дар муддати кафолатӣ (як сол) роҳи мошингард ба пудратчии генералӣ хизмат менамояд” , — илова намуданд дар Вазорати нақлиёти ҶТ.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






