Сафари Сарвари давлат Э. Раҳмон ба ноҳияи Айни ва шаҳри Панҷакент
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ба кор даровардани иншооти зиёди сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафар кард.Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.Месазад зикр намуд, ки ин нахустин боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин мавзеи баландкўҳи таърихӣ ва дорои табиати зебою дилфиреби Тоҷикистон аст. Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии халқи суғдитабори Яғноб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи зиндагии мардуми ин деҳоти кўҳистон, ки вижагиҳои зиёди фарқкунанда дорад, аз наздик шинос шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо мардуми деҳоти кўҳистони мавзеи Яғноб мулоқоти озоду ошкоро доир намуд, ки дар он ҳамчунин масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳияи Айнӣ ҳам иштирок доштанд. Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои саҳлу сабук намудани рўзгори ояндаи онҳо супоришҳои мушаххас дод, аз ҷумла барои таъмини онҳо бо нерўи барқ, ҷудо намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорон, бунёди инфрасохтори туристӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин мавзеи биҳиштосо, сохтмони мактабҳои замонавӣ, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ва хусусан доир ба ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳанги бостонии мардуми суғдитабори Яғноб.Мардуми кўҳистони Яғноб ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини онҳо бо батареяҳои офтобии барқӣ, ки дар арафаи ин сафар дастрас гардиданд ва дигар ғамхориҳои доимӣ арзи хушнудию сипос карданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои пурра ба анҷом расондани сохтмони 25 км роҳи боқимондаи мошингард миёни деҳоти Яғноб лоиҳа омода ва пешниҳод карда шавад ва таъкид дошт, ки ин кор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд. Хотиррасон гардид, ки то ин вақт мавзеъ 26 км роҳҳои мошингард бунёд ёфтаанд. ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои рушди боғдорӣ дар Яғноб чораҳои судбахш амалӣ карда шаванд.Аз мавзеи Яғноб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.Дар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст як ҳавзи болопўшидаи шиноварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Ин бинои варзишӣ бо ҳавзи шиноварии дарозию паҳноияш ба 25×10 метр аст, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.Дар толори ҳавзи шиноварӣ барои 300 нафар тамошобин ҷойи нишаст омода гаштааст, ки мутобиқ ба талаботи мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Оби ҳавз бо таҷҳизоти махсуси муосир гарм ва саривақт тоза карда мешавад.Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо 25 кас бо кор таъмин мегарданд.Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Халифа ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо натиҷаҳои сабзавоткории аҳли заҳмати он аз наздик шинос шуд. Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори шаҳри Панҷакент мулоқоти озоду ошкоро анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод ва барои ҳалли як қатор мушкилоти мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои барқарорсозии пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва аз худ намудани заминҳои бекорхобида барномаи алоҳидаи давлатӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, барои рушди соҳаҳои гуногуни шаҳри Панҷакент, аз ҷумла доир ба тараққиёти зироаткорию боғдорӣ, шоликорӣ ва ғайра бояд нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва тасдиқ гардад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки доир ба лоҳакашӣ ва ҷалби сармоя барои тармиму навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки масофааш 113,6 км аст, корҳо оғоз ёфтаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.