Сайри ҳавои гарми Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

Август 8, 2011 09:28

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 8 – уми август сар карда, ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 3 то 4 дараҷа паст хоҳад шуд.Ба гуфти мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Парвина Саидҷамолова баланд рафтани дараҷаи ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ чанд соли охир мушоҳида шудааст. Ҳафтаи гузашта баландтарин дараҷаи ҳаво дар ҷумҳурӣ мушоҳида гардид, рӯзона гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ба 40 – 42 дараҷа, дар вилояти Суғд – 40- 43 дар ВМКБ ба 30 -38 ва дар ноҳияи Дарвози ин вилоят бошад, ҳарорати ҳаво то ба 42 дараҷа расид.Ба иттилои манбаъ, сабаби асосии беш аз 40 дараҷа баланд шудани ҳарорати ҳаво, аз қисмати ҷануби кишвар ворид шудани ҳавои гарму хушки биёбонҳои Арабистони Саудӣ будааст.Ба гуфти П.Саидҷамолова интизор меравад, ки вазъи имрӯзаи гармиро «боди афғонӣ» иваз карда, ҳарорати ҳаворо то 37 дараҷа гармӣ паст намояд. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ҳодисаи муқаррарӣ аст, он дар солҳои 1982-83, 84, 1990 -94, 95 ва соли 1997 низ бо чунин ҳарорат мушоҳида шудааст.

Август 8, 2011 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд