Шўрои Аврупо: Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои асри XXI
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар ситод-қароргоҳи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарести Руминия, ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи академии ин Шўро доир гардид. Дар рафти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — Пешвои асри XXI қарори дахлдор қабул гардид. Дар маросиме, ки ба муносибати имзошавии қарори расмӣ дар хусуси сарфароз гардондани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвон доир гардид, аъзои корпуси академӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо иштирок намуданд.Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Антон Каража дар бораи ин рўйдоди муҳим суханронӣ карда, таъкид намуд: бо ин унвон номзадҳо танҳо пас аз баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва фаъолияти мусбати онҳо ҳамчун пешвоёни аср дар даҳсолаи охир ва бо назардошти нуфузу эътибори онҳо дар назди халқҳову кишварҳо пешниҳод ва сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин, моро зарур аст, ки арзишу эътибори на танҳо ин унвон, балки Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалиро, ки соли ҷорӣ аз рўи муҳимияти худ ҳамчун дуюумин Институти ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ дониста шуд, азиз донем,- таъкид кард ў. Дар мавриди сарфароз гардондани Президент Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Пешвои асри XXI далелҳои зерин ба инобат гирифта шуданд: — мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва озодии матбуот, дастгирии ҷорӣ кардани равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва роҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ, — таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисодии Тоҷикистон, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, ки ҳамзамон ба тақсимоти дурусти даромадҳо ва таъмини рушди баландсуръати сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ асос ёфтааст, — рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгўи чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим мебошад, — мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи Душанбеи таърихӣ, фаъолгардонии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъйу талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, — рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши Аврупою Осиё ва машъали рушд барои тамоми минтақа, -дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути андешидани тадбирҳои муҳим, ба монанди табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сулҳоро ва дорои сарҳадҳои бехатар,Дар ҷаласа Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев баромад карда, миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба Кумитаи академии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати сарфароз гардонидани Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз унвонҳои олии Аврупо баён намуд. Ӯ инчунин аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалиро ҷиҳати супоридани унвони Пешвои асри XXI ба ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари худ даъват кард.Сарфароз намудан бо унвони олии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ, давъати олимони Аврупо ба Тоҷикистон -ин ҳама аз ҷумлаи рўйдодҳое мебошанд, ки аз ҷониби фарҳехтагони сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии Аврупо ҳамчун намунаи робитаҳои зичи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд, — изҳор дошт дар хотимаи ҷаласа Профессор Антон Каража, Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






