Таъсиси ҳайати тиҷоратии Афғонистон дар Тоҷикистон

Август 22, 2011 12:10

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо сардори раёсати нерӯгоҳи бодии Палатаи савдо ва саноати шаҳри Қундузи Афғонистон Аҳмад Форуқ мулоқот намуд.  Аҳмад Форуқ дар бораи фаъолияти созмонаш маълумот дода гуфт, ки онҳо мехоҳанд дар Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, чустуҷӯи шарикони ҳамкорӣ ва таҳлили вазъи бозор ҳайати тиҷоратӣ таъсис диҳанд. А. Карамалиев пешниҳоди ӯро маъқул шумурда зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ баҳри ташкили мулоқоти кории Тоҷикистону Афғонистон барои дарёфти шарикони ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории ҶТ мусоидат менамояд. Ӯ ҳамчунин ба ширкатҳо ва соҳибкорони Қундуз пешниҳод намуд, ки дар намоишгоҳҳои баргузор менамудаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкати фаъол намоянд.

Август 22, 2011 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад