Таътиле, ки дар ёдҳо монд
Турсунзода, 15 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Истироҳати кӯдакону наврасон дар маркази беҳдоштии «Ширкент» ба анҷом расид.Соли ҷорӣ дар ин мавзеи хушбоду ҳаво зиёда аз 1600 нафар фарзандони кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва кӯдакон аз хона-интернати шаҳри Турсунзода истироҳат карданд. Кӯдакон дар ин маркази беҳдоштӣ бо панҷ вақт хӯроки гарм таъмин буда, бо бозиҳои дилхушкунанда фаро гирифта шуданд.