Таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2011 17:38

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андўҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки 3 августи соли 2011 яке аз шахсиятҳои намоёни кишвар – Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов Асадулло дар синни 57-солагӣ нобаҳангом аз олам чашм пўшид. Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 таваллуд ёфтааст. Ў бо хизмати содиқона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд. Марҳум Асадулло Ғуломов дар давоми фаъолияти меҳнатии худ барои пешрафти Ватани азиз кўшишу ғайрати зиёде ба харҷ додааст. Ў махсусан дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст. Асадулло Ғуломов на танҳо ташкилотчии моҳири истеҳсолоту мутахассиси олии соҳаи сохтмон буд, балки худро инчунин сиёсатмадор, устоди сахтгиру ғамхор ва рафиқи мушфиқ нишон додааст. Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» — дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст. Вале мукофоти олии Асадулло Ғуломов иззату эҳтироми бепоёни мардум мебошад. Хотираи неки Асадулло Ғуломов дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вафоти нобаҳангоми фарзанди содиқи миллат, шахсияти намоёни мамлакат Асадулло Ғуломов сахт андўҳгин буда, ба наздикону пайвандони ў сабри ҷамил металабад.                            Раиси                Ҳукумати Ҷумҳурии                                                    Эмомалӣ                         Тоҷикистон                                                              Раҳмон

Август 3, 2011 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад