Ҳ. Зарифӣ: «Онҳо бояд дар ин самт гомҳои устувор бардоранд»
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 26 сентябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё (СВМДА) иштирок ва суханронӣ намуд.Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронии худ бо ишора ба Эъломияи нишасти Сарони кишварҳои узв зикр намуд, ки кишварҳои узв иқтидори кофиро барои иҷрои бандҳои он Эъломия, ки масъалаҳои халъи силоҳ, паҳн нагардидани силоҳи ҳаставӣ, истифодаи сулҳомези нерӯи ҳаставӣ, қочоқи маводи мухаддир, амнияти энергетикӣ, ислоҳоти СММ, вазъ дар Афғонистон ва Ховари Миёнаро дар бар мегиранд, доранд. Ӯ афзуд, ки онҳо бояд дар ин самт гомҳои устувор бардоранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






