Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ оғоз ёфт
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ шурӯъ гардид. Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи гузашта вуруди сарони кишварҳои узв ба Тоҷикистон оғоз гардида буд. Дирӯз президенти Федератсия Русия Дмитрий Медведев барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар вохӯрии президентҳои «Чоргонаи Душанбе» вориди Тоҷикистон шуда буд. Президенти Қирғизистон Роза Отунбоева низ нимаи дуюми рӯзи гузашта вориди пойтахт- шаҳри Душанбе гардид ва бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот доир намуд. Дар ин ҷаласа аз Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Беларус сарвазирони ин кишварҳо иштирок менамоянд. Зимни вохӯрии сарони давлатҳои узв дар Кохи Сомон 11 масъалаи муҳим мавриди муҳокимаи ҳозирин қарор мегирад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






