Ҷамъоварии пахта ба 200 ҳазор тонна наздик шуд
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, аз 19 –уми сентябри соли 2011 суръати пахтачинӣ боз ҳам тезонида шуд. Чинакчиён дар як рӯз беш аз 11 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ меоранд.Тибқи маълумот имрӯзҳо пахтакорони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосил пешсаф буда, то 19 – уми сентябр аз майдони 126 ҳазору 739 гектар 127 ҳазору 137 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.Пахтакорони вилояти Суғд дар ҷамъоварии пахта дар ҷои дуюм қарор доранд. Дар ин вилоят то 19 – уми сентябр аз масоҳати 62 ҳазору 476 гектар 23 ҳазору 649 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010 16 ҳазору 400 тонна зиёд аст.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии пахта хуб ба роҳ монда шудааст. Пахтакорони ин минтақаи ҷумҳурӣ аз 24 ҳазору 403 тонна пахтаи нақшавӣ 11 ҳазору 109 тонаашро ҷамъоварӣ намуданд. Бино ба маълумоти манбаъ, имрӯзҳо дар майдони пахтазори ҷумҳурӣ беш аз 221 ҳазор нафар ҷинакчиён ба кори ҷамъоварии пахта сафарбар шудаанд. Муҳимаш он аст, ки ҷамъоварии пахта бе иштироки донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таълимоти миёнаи умумӣ сурат мегирад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






