20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Теҳрон

Сентябрь 15, 2011 16:13

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14 сентябри соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ барпо намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ иттилоъ доданд.  Дар маъракаи мазкур Вазири умури хориҷӣ Алиакбар Солеҳӣ, муовини Вазири нерӯ оқои Муслеҳӣ, намояндагони Дастгоҳи Раёсати Ҷумҳурӣ, Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, вазоратҳои улум, таҳқиқот ва фанноварӣ, беҳдошт ва улуми пизишкӣ, илмию фарҳангӣ ширкат варзиданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Давлаталӣ Ҳотамов зимни суханронӣ ҳозиринро бо таърихи Истиқлолияти кишвар ва муваффақиятҳои он шинос намуд. Ҳамзамон, дар толор намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил карда шуда, филми мустанад ва суруду навоҳои мардумии тоҷикӣ барои ҳозирин намоиш дода шуд. Меҳмонон бо фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикӣ, либосҳои миллӣ, сӯзанӣ ва кандакориҳо, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ошно гардиданд. Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов ва Муродбек Насриддинов бо ҳунари худ хотири ширкаткунандагонро шод намуда, санъати миллии Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ Ҳ. Аюбӣ изҳор дошт, ки ҷониби Эрон 40 бурсия барои аспирантҳои тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи мӯътабари Теҳрон дар назар гирифтааст, ки барои рушду инкишофи муносибатҳои илмию омӯзишии байни ду кишвар саҳми арзандаи бародарони эронӣ маҳсуб мешавад. Сафири Тоҷикистон Д.Ҳотамов ба нишони сипосу қадрдонӣ аз ҳамкории фаъоли А.Шабистарӣ ва Ҳ.Аюбӣ ба онҳо ҷомаҳои зарбофти тоҷикӣ ҳадя намуд.

Сентябрь 15, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст