20 соли робитаҳои устувору самарабахш

Сентябрь 19, 2011 17:46

Соли оянда аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 20 сол пур мешавад. Дар зарфи ин солҳо ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманди ду кишвар дар кадом сатҳ қарор доранд ва дурнамои онҳо  чӣ гуна аст? Бо ин ва дигар саволҳои фарогири самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон хабарнигори  АМИТ «Ховар» бо Ссафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Саидбег Саидов муҳовара  орост, ки онро манзури хонандагони  арҷманд мегардонем:- Ҷаноби сафир, тӯли се сол аст, ки ба ҳайси сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  фаъолият доред, лутфан мегуфтед, ки сатҳи ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону  Ҳиндустон  алҳол дар кадом поя қарор дорад?-Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз кишварҳои калидиест, ки  дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дар раванди муносибатҳои байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол менамояд. Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон  беш аз пеш густариш меёбанд. Мавриди зикр аст, ки Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Ҳиндустон аз соли 1992 шурӯъ гардидаанд. Моҳи июни соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  намояндагии дипломатии худро таъсис дод. Воқеан дар зарфи фаъолияти на онқадар  тӯлонӣ мо тавонистем  бо Ҷумҳурии Ҳиндустон  муносибатҳои хуби дипломатиро ба роҳ монем. Бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки  дар тамоми соҳаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкории хубу ҳасанаро ба роҳ мондааст.  Мавриди зикр аст, ки  масъалаи тақвияти ҳамкории мутақобилан  судманди байни ҳар ду кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустон  қарор доранд. Созишномаҳо ва санадҳои зиёди байнидавлатӣ  аз ҷониби ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд, ки шаҳодати рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон мебошанд. Дар ин миён сафарҳои расмии Сарони кишварҳо ва намояндагони ҳукумату парлумонҳо, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон ба кишварҳои ҳамдигар  ва иштироки доираҳои васеи соҳибкорону тоҷирон  дар  анҷуману конфронсҳо ва намоишгоҳҳо чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Деҳлӣ баргузор гардида,  дар онҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои  иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар  баррасӣ гаштанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумҳурии Ҳиндустонро барои ноил гаштан  ба ҳайси узви доимии  Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ мекунад.  Тоҷикистон дар навбати худ ҷиҳати ворид гаштан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  аз таҷрибаву  ёрии Ҳиндустон истифода  хоҳад намуд. Тоҷикистон хоҳони пазируфта шудани Ҳиндустон ҷиҳати аъзогӣ  ба лоиҳаи СASA 1000 ва кӯшишҳои Ҳиндустон барои аъзогӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  мебошад, ки тарафҳо аз ёрии ҳамдигар истифода хоҳанд бурд.  Дастовардҳо дар давоми муносибатҳои  дипломатии ҳар ду кишвар, хусусан дар бахши иқтисод ва тиҷорат хеле густариш ёфтаанд. Аз ҷумла,  дар ин муддат аз ҷониби Ҳиндустон фурудгоҳи  ҳавоии «Айнӣ»,  воқеъ дар ғарби Тоҷикистон ва нерӯгоҳи  барқи обии «Варзоб-1» тармиму таҷдид  гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби  яке аз ширкатҳои  бузургтарини Ҳиндустон «СHL» сохтмони  меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе идома дорад. Ташкили таълимгоҳи технологӣ  дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои илмию техникии Тоҷикистону Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.Ҳамзамон, ташкили  корхонаи саноатии истеҳсоли шарбат дар шаҳри Душанбе аз тарафи  ширкати давлатии Ҳиндустон «НMT» далели тавсеаи ҳамкориҳои  самарабахши иқтисодист. Инчунин, ширкати  «KEG»-барои интиқоли  барқ аз Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон саҳифаи нави ҳамкориро  дар таҳкими соҳаҳои гуногун  тарҳрезӣ менамояд.-Чанде пеш дар  шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон  баргузор гардид. Аз нигоҳи Шумо ҷаласаи мазкур  дар таҳкими  ҳамкориҳои  мутақобилан судманди  иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон  чӣ нақш  гузошт?-Рӯзҳои 16-17 майи соли равон дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки  байниҳукуматии  Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он  масъалаҳои рушди ҳамкориҳои  иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон, ҳамзамон вазъи мутақобилаи  робитаҳои  иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар дар бахши энергетика, саноат,  сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, молия ва бонк, илм ва фарҳанг матраҳ гардиданд. Ҷаласаи мазкур дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар, хусусан ҷалби сармояи Ҳиндустон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муассир гузошт.Бояд зикр кард, ки гардиши мол байни ду кишвар дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 16 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 13,2 миллионашро воридот ва 2, 8 миллионаш  содирот мебошад. Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон барои Тоҷикистон афзалияти бештар дорад. То ҷое мусаллам аст, ҳанӯз соли 1997 бобати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар Деҳлӣ намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон ифтитоҳ карда шуд. Дар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар сафарҳои давлатии ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ҳиндустон ба кишварҳои ҳамдигар дар давраи солҳои 1993-2006 нақши муҳим бозидааст. Дар ҷараёни ин сафарҳо маҷмӯи санадҳои байнидавлатӣ ва созишномаҳо ба имзо расиданд, ки заминаи устувори қарордодию ҳуқуқиро дар бахшҳои гуногуни ҳамкориҳои  ҳар ду  давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг гузоштанд.Алҳол,  дар Тоҷикистон корхонаҳои муштарак ба мисли «Кармел Оверсиз Лимитед», Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Металлҳо ва минералҳои тоҷик», «Голф Тур», «Шабакаи осмонӣ» дар бахшҳои мухталиф фаъолият менамоянд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон   ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон, ки дорои иқтисодиёти пешрафта аст, афзалияти бештар дорад. Ба назари ман ҷумҳурии мо имконияти бештар дорад, ки бо Ҳиндустон дар соҳаҳои рушди технологияҳои компютерӣ ва таъмини барномаҳо, саноати кимиёвӣ, ҳусусан ҷалби сармояи Ҳинд ҷиҳати тавсеаи фаъолияти корхонаҳои кимиёвии Исфара ва Ёвон, бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ,  ки барои ба кор андохтани корхонаҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо мусоидат менамоянд, ҳамкории уствувор дошта бошад. Инчунин, ташкили корхонаҳои хурд барои истеҳсоли афшурдаю нӯшокиҳо аз меваю сабзавот, коркард ва бастабандии чойи ҳиндӣ,  таҷдиди корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ва мутахассисони ҳиндӣ, ҳамкорӣ дар бахши коркарди пӯсту чарм ва истеҳсоли маҳсулот аз онҳо, дорусозӣ, туризм,  истеҳсоли ҷавоҳирот бо ташкили корхонаҳои муштарак дар назар аст, зеро Ҳиндустон дар ин соҳа яке аз бозорҳои бузурги дунёро доро аст ва барои  Тоҷикистон имкони бештари рушди иқтисодиётро фароҳам хоҳад овард.       -То ҷое мусаллам аст, мардумони ҳар ду кишварро анъанаҳои таърихию фарҳангӣ аз қадимулайём бо ҳамдигар мепайванданд. Вазъи кунунии ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?Бале,  ҳамкориҳои илмию фарҳангии ҳар ду кишвар аз қаъри асрҳо об мехӯранд. Дар сарзамини Ҳинд даҳҳо нобиғаҳои бузург, шоирону адибони  адабиёти оламгири тоҷику форс, ба мисли Зебуниссо, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мавлоно Абдулқодири Бедил ва дигар донишмандон ба камол расидаанд, ки худ далели гуфтаҳост. Бо соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг низ густариш ёфтанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон  дар соли 2008, иштироки овозхонони  гурӯҳи «Сомон» таҳти роҳбарии Ҳунарманди  мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон дар фестивали «Сӯфӣ», ки дар шаҳри Калкатаи Банғолаи Ғарбӣ баргузор гардид ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ далелест аз тавсеаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону  Ҳиндустон.Ҳамкориҳои ҳар ду кишварро  дар cоҳаи маориф бошад Созишнома  дар бораи ҳамкориҳо дар бахши  фарҳанг, санъат,  маориф, илм,  васоити ахбори омма ва варзиш, ки байни ҳукуматҳои ҳар ду давлат ба имзо расидааст, ба танзим медарорад. Алҳол, дар мактабҳои олии Тоҷикистон беш аз 300 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи муносиб ба роҳ монда шудааст, ки иштироки олимону донишмандони ҳар ду кишвар дар конфронсу симпозиумҳо ва чорабиниҳои гуногуни илмӣ, ки чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Деҳлӣ доир мегарданд, тақвияти ин гуфтаҳост. Умед аст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои илмию фарҳангии ҳар ду кишвар боз ҳам тақвият ёбанд.          — 9 сентябр мардуми тоҷик ҷашни саиду муқаддас 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил карданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  ба ифтихори ин санаи фархундаи таърихӣ чӣ гуна чорабиниҳои илмию фарҳангиро  баргузор намуд?Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки соли равон мардуми тоҷик 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург таҷлил намуданд. Мувофиқи супориши Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон маҷмӯи чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангиро ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Ҳамзамон, қисми дуюми   китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони ҳиндӣ омодаи чоп аст.Дар доираи таҷлили ин ҷашни бузург намоиши фестивали  филмҳои дӯстӣ дар Маркази фарҳангии Русия дар шаҳри Деҳлӣ  баргузор гардид,ки  Сафорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши 5 филми мустанадро ба тамошобинони ҳиндӣ пешниҳод намуд. Ҳамзамон, ба ифтихори  Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши расмҳо бахшида ба Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардонида шуд.Инчунин, таҳти унвони «Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Истиқлолият ва дар давраи 20 соли Истиқлолият» семинар баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар намояндагони табақаҳои гуногуни  кишвари иқомат ва корпуси дипломатии муқими Ҳиндустон иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар филми ҳуҷҷатӣ, ки аз ҷониби филмсозони ҳиндустонӣ дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буд, пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Рӯзи 9 сентябр  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлӣ ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Деҳлӣ, меҳмонон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҳиндустон кор ва таҳсил менамоянд, ҷамъомади тантанавии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад доир ба дастовардҳои беназири дар тӯли 20  соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардаи Тоҷикистон ва ҳамкориҳои самарабахши он бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва кишварҳои ҷаҳон, хусусан бо Ҳиндустон табодули назар сурат гирифт. Таҷлили бошукӯҳи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ бори дигар дастовардҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистони мустақилро муаррифӣ намуд.                  Сӯҳбаторо Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»  

Сентябрь 19, 2011 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон ва идораи хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории Mpox-ро ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон намуд
Имрӯз филмбардор ва аккоси маъруф Заур Дахте аз олам даргузашт
Бар асари обхезӣ дар Африқои Ғарбӣ беш аз 70 нафар ҳалок гардид
Лайфхак: чӣ тавр метавон ҳаҷми интернети мобилиро бештар кард
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба такмили донишҳои ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
ТАВАҶҶУҲ! Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мешавад, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро дар Русия риоя кунанд»
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар Донишгоҳи амрикоии иёлати Вирҷиния чор нафар маҷруҳ шуд
Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷлил шуд
Олимони тоҷик дар машварати илмӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиш доир шуд